Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Комроншоҳ Устопириён ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Комроншоҳ Устопириён ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт

11
11

Комроншоҳ Устопириён паҳлавони маъруфи риштаи ҷудои Тоҷикистон роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020-ро ба даст овард. Дар ин бораи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо такя ба феҳристи нави олимпии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо хабар додааст.

Акнун Комроншоҳ чаҳорумин варзишгари тоҷик аст, ки роҳхати ин бозиҳоро ба даст оварданд. Аз ин пеш Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) соҳиби роҳхат шуда буданд.

 

Аз миёни паҳлавонони риштаи ҷудои тоҷик Сомон Маҳмадбеков низ шонси хеле зиёде барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ дар вазни -73 кг дорад. Ӯ ҳоло дар мақоми 15-уми имётиздорони олимпии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо қарор дорад.

Бар асоси феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шудааст, Комроншоҳ дар байни 398 ҷудокори ҷаҳон, ки дар вазни -90кг ҳунарнамоӣ мекунанд, дар мақоми 21-ум бо 2784 имтиёз қарор дорад. Ӯ бо натиҷаи мазкур дар феҳристи ҷудокороне, ки ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 сафарбар мешаванд, ҷой гирифтааст, менависад сайти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки аз миёни ҷудокорони дигари Тоҷикистон  Темур Раҳимов (+100кг) ҷудокори сангинивазни кишвар низ шонси зиёде барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ дорад. Ҳоло Темур бо 3009 имтиёз дар мақоми 21-уми имтиёздорони олимпии IJF қарор дорад. 

Ба натиҷаи мақоми Темур Раҳимов метавонад ҳунарнамоии ӯ фардо дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Будапешти Маҷористон низ таъсир бигузорад. 

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон аз Акмал Муродов, ҷудокори дигари тоҷик ҳам ном бурдааст, ки шонс дорад роҳхатро ба даст биоварад. Ҳарчанд ҳоло Акмал Муродов дар вазни -81 кг дар радабандии имётиздорони олимпӣ дар мақоми 50-ум қарор дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...