Дар мавсими доимии Лигаи размикорони касбии PFL намояндаи Тоҷикистон Лоиқ Раҷабов, иштирокчии рақобати финалии мавсими гузашта бо намояндаи Русия Аҳмед Алиев қувваозмоӣ кард.
Пеш аз қувваозмоӣ мутахассисон бартариятро ба Алиев дода буданд, лекин ҳамагӣ пас аз 21 сонияи оғози қувваозмоӣ ӯ аз самти чапи сараш зарбаи сахт гирифта, довар дигар ба идомаи қувваозмойӣ иҷоза надод. Дар ин бора sport24.ru хабар медиҳад.
Худи Раҷабов доварро ба боздошти қувваозмойӣ даъват намуда, аз вазъияти ҳарифаш нигаронӣ дошт.
Чунин натиҷа ба Лоиқ ҷиҳати гирифтани роҳхат ба даври нимфиналӣ имкон дода, Аҳмед аз мусобиқаи минбаъда барои дарёфти миллион маҳрум шуд. Акнун Раҷабов дар ММА 11 ғалаба ва 3 бохт дорад. Алиев бошад, 7 бохту 20 ғалаба дорад.
Бо роҳхат ба даври нимфиналӣ Лоиқ боз имкон пайдо намуд, ки мисли соли пешин барои дарёфти миллион доллар рақобатро идома диҳад. Ғолиби даври финалии мусобиқаи PFL соҳиби 1 миллион доллар мешавад.
Соли 2020 дар даври финалии Шоҳ-ҷоиза (Гран-при)-и PFL Лоиқ Раҷабов аз размикори бразилиягӣ Натан Шулта шикаст хӯрд. Размикори тоҷик имсол низ омода аст, ки ба даври финалӣ роҳ ёфта, боз як бори дигар талош варзад, ки соҳиби миллион доллар шавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.