Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Темур Раҳимов ҳам ба Бозиҳои олимпии Токио роҳхат гирифт - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
spot_img

Дорогие читатели!

Мы проводим тестирование нового сайта. Сейчас доступны только свежие материалы за сегодня. Чтобы прочитать архивные материалы, воспользуйтесь кнопкой «Старый сайт».

Старый сайт

spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Темур Раҳимов ҳам ба Бозиҳои олимпии Токио роҳхат гирифт

10
10

Темур Раҳимов, паҳлавони сангинвазни ҷудокори тоҷик (+100кг)  ҳам ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт. Дар ин бораи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар тонамояш расман хабар додааст.

Аз ин пештар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дода буд, ки Комроншоҳ Устопириён ҳам роҳхати олимпиро ба даст овардааст. Аммо Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, ки ин хабари пешакӣ аст ва мунтазири расман таъйид шудани ин хабарҳо бояд шуд.

Бино ба маълумоти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (ФҶТ) ду паҳлавони дигари тоҷик Сомон Маҳмадбеков ва Акмал Муродов ҳам шонси калони ба даст овардини роҳхатро доранд. Аз миёни паҳлавонони риштаи ҷудои тоҷик Сомон Маҳмадбеков низ шонси хеле зиёде барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ дар вазни -73 кг дорад. Ӯ ҳоло дар мақоми 15-уми имётиздорони олимпии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо қарор дорад.

Акнун Темур чаҳорумин панҷумин варзишгари тоҷик аст, ки роҳхати ин бозиҳоро ба даст оварданд. Аз ин пеш Комроншоҳ Устопириён, Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) соҳиби роҳхат шуда буданд.

Темур Раҳимов дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон 2021, ки дар шаҳри Будапешти Маҷористон  аз 6 то 13-уми июн сурат гирифт бо ду пирӯзӣ дар мақоми 7 қарор гирифт. Федератсияи ҷудои Тоҷикистон мегӯяд, ки ӯ мавқеъашро дар радабандии имётиздорони олимпӣ (IJF.org) беҳтар кунад ва ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мустақиман роҳхат гирад. Вале радабандии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо  то кунун нашр нашудааст ва қарор аст 28-уми июн расман нашр шавад. "Зимнан, пас аз анҷоми Чемпионати ҷаҳон-2021, раддабандӣ иваз ва мавқеъияти Темур боз ҳам беҳтар хоҳад шуд",-навиштааст ФҶТ.

Темур ҳоло  бо 3009 имтиёз дар мақоми 21-уми ин радабандӣ қарор дорад.

Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...

Чин ба Тоҷикистон 57 млн доллар кумаки бебозгашт медиҳад

Ҳукумати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан...