Довари дараҷаи байналмилалӣ оид ба бокс аз Тоҷикистон Мансур Муҳиддинов мусобиқоти боксро дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ҳакамӣ мекунад.
Тавре маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин рӯйдод бори аввал дар таърихи бокси кишвар ва Бозиҳои олимпӣ аст.
“Ӯ аз ҷониби гурӯҳи махсуси Кумитаи байналмилалии олимпӣ оид ба бокс ба мусобиқаҳои интихобии олимпии Африқо ва Аврупо даъват шуда, маҳорати баланди ҳакамӣ нишон дод ва дар баробари 36 нафар ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 даъват гардид”, – омадааст дар хабари маркази матбуоти Кумита.
Гуфта мешавад, аз кишварҳои ИДМ 5 нафар ба Олимпиада даъват шуданд – доварон аз Русия, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Тоҷикистон.
Зикр мегардад, ки Мансур Муҳиддинов соли 1977 таваллуд шуда, аз соли 1991 ба бокс машғул мебошад. 10 сол варзишгар, аз ҷумла 5 сол узви дастаи мунтахаби кишвар оид ба бокс буд ва ҷоизадори бисёр мусобиқаҳои байналмилалӣ аст.
Аз соли 2001 ба кори мураббигӣ ва доварӣ гузашт. Соли 2010 ситораи дараҷаи 1-и Ассотсиатсияи байналмилалии бокси ҳаваскориро (AIBA) гирифт. Пас аз ҳафт сол имтиҳон супорида, ситораи дараҷаи 2 ва соли 2018 ситораи дараҷаи 3 (довари дараҷаи олимпӣ)-ро ба даст овард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.