spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Шумори ширкатдорони Олимпиадаи Токио аз Тоҷикистон ба 10 нафар расид

Имрӯз ҳамаи мусобиқаҳои интихобӣ барои иштирок дар Олимпиадаи Токио-2020 дар тамоми навъҳои варзиш ба охир мерасанд. Акнун мунтахабҳои олимпии кишварҳо барои раҳсипор шудан ба Токио, ки дар ин ҷо рӯзи 23 июл Бозиҳо оғоз мешаванд, омодагӣ мегиранд.

То имрӯз барои иштирок дар Бозиҳо 8 варзишгари тоҷик роҳхат доранд: ҷудокорон Сомон Маҳмадбеков (вазни то 73 кг), Акмал Муродов (то 81 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг) ва Темур Раҳимов (то 100 кг), боксчиён Баҳодур Усмонов (то 64 кг) ва Шаббос Неъматуллоев (то 81 кг) ва дар варзиши сабук Гулсумбӣ Шарифова ва Илдар Аҳмадиев.

ГАЛЛЕРЕЯ (8)








Ҳамчунин мувофиқи квотаи Федератсияи байнулмилалӣ Тоҷикистон дар навъи шиноварӣ ду роҳхат дорад. Тибқи талабот, ду варзишгар (як марду як зан), ки дар Чемпионати ҷаҳон-2019 ширкат варзидаанд, барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ ҳуқуқ доранд.

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҳоло тасдиқ накардааст, ки кадоме аз варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи шиноварии Олимпиада иштирок мекунад.

Бозиҳои XXXII олимпии тобистона аз 23 июл то 8 августи соли 2021 дар пойтахти Ҷопон – шаҳри Токио баргузор мешаванд. Дар он ҳудуди 11 ҳазор варзишгар аз зиёда аз 200 кишвари саросари дунё ширкат варзида, дар 33 навъи варзиш 339 ҷоиза бурд мешавад.

Бозиҳои олимпии Токио бояд тобистони соли 2020 доир мегардиданд, лекин бо сабаби пандемия расо як сол мавқуф гузошта шуданд. Дар ҳаминҳол, тасмим гирифта шуд, ки номаш бетағйир – “Олимпиада-2020” боқӣ мемонад. Инчунин баргузории Паралимпиада низ як сол ба таъхир афтода, акнун аз 24 август то 5 сентябри соли 2021 дар Токио доир мегардад.

Мувофиқи маълумоти манбаъҳо, пауэрлифтер Парвиз Одинаев меъёрҳои олимпиро иҷро карда, алҳол ягона иштирокчии Паралимпиада аз Тоҷикистон мебошад.

Олимпиада-2020: тақвими мусобиқаҳо

Бокс – 13 маҷмӯи мукофот, 24 июл – 1 август мусобиқаҳои пешакӣ, 3-8 август – финалҳо.

Ҷудо –  15 маҷмӯи мукофот, 24-31 июл – мусобиқаҳои пешакӣ ва финалӣ.

Варзиши сабук – 48 маҷмӯи мукофот, 30 июл – 8 август – мусобиқаҳои пешакӣ ва финалҳо.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...