Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), ки 1-уми июл дар маҷлисгоҳи Федератсия баргузор шуд, як қатор масъалаҳои муҳим таҳлилу баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроия, ҳисоботи директори техникии Федератсия Салоҳиддин Ғафуров дар бораи натиҷаҳои баромади дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 шунида шуд.
Дар доираи марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 тими миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ, мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев 10 бозӣ гузаронида, дар 4 бозӣ пирӯзӣ ба даст овард, як вохӯриро мусовӣ анҷом дод ва дар 3 бозӣ мағлуб шуд.
Ба ин тартиб, тими миллии Тоҷикистон 13 хол ба даст оварда, дар натиҷа, дар гурӯҳи “F” мақоми дуввумро ишғол намуд. Дар байни дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуввумро гирифтанд, мунтахаби Тоҷикистон шашум буд.
Баромади тими миллии Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи қаноатбахш арзёбӣ гашт.
Баъд аз он ки мутахассиси узбекистонӣ Усмон Тошев пас аз ба итмом расидани шартнома аз вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистон рафт, вазифаи роҳбари тими миллӣ холӣ аст.
Дар ин робита, дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи ФФТ, масъалаи сармураббии нави тими миллии кишвар баррасӣ шуд. Ба дабири кулли ФФТ Давлатманд Исломов супориш шуд, ки рӯйхати номзадҳои эҳтимолӣ ба вазифаи сармураббии тими миллии Тоҷикистонро, ки дастаро ба бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 омода мекунад, барои тасдиқ дар ҷаласаи навбатии Кумитаи иҷроия пешниҳод намояд.
Дар ҷаласа, инчунин аъзои Кумитаи иҷроия Низомномаи Шӯро оид ба татбиқи нақшаи стратегии рушди футбол дар Тоҷикистон “Орзу-2026” ва натиҷаҳои аудити фаъолияти молиявии ФФТ-ро барои 2020 тасдиқ карданд.
Роҳбари Лигаи футзали Тоҷикистон Фурқат Аҳмадҷонов низ дар ҷаласаи имрӯзаи Кумитаи иҷроияи Федератсия суханронӣ намуда, нақшаҳои худро оид ба рушди минбаъдаи футзал дар кишвар нақл кард.
Дар қатори дигар масъалаҳо, Кумитаи иҷроияи ФФТ масъалаи таъсиси Маркази тибби варзишӣ дар Тоҷикистонро низ таҳлилу баррасӣ намуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.