spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Сиёвуш Зуҳуров ҳам дар рақобати аввали Олимпиада шикаст хӯрд

Муштзани тоҷик Сиёвуш Зуҳуров ҳам дар нахустин рақобаташ дар Олимпиадаи Токио 2020 шикаст хӯрд ва дар идомаи рақобат маҳрум гардид. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ӯ субҳи имрӯз, 29 июл бо натиҷаи 0:5 аз ҳарифи фаронсавияш Мурод Алиев дар вазни аз 91 кило боло шикаст хӯрд.

Аз ин пештар дар риштаи бокс муштзани дигари тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хурда буд. Баҳодур Усмонов бошад, дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва ӯ 31 июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Ӯзбекистон) вомехурад.

То ба ҳол, дар бозиҳои тобистонаи олимпии Токио – 2020 ҷудокорони тоҷик Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов ва Комроншоҳи Устопириён аз ҳарифони худ мағлуб шуда, аз идомаи рақобат маҳрум шуда буданд.

Ҳамин тариқ, пагоҳ 30 июл дар Олимпиадаи Токио варзишгари шинохтаи тоҷик, ҷудокор Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило бо Энди Грандаи аз Куба қувваозмоӣ хоҳад кард.

Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишонов – дар шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод рӯзи 30-юми июл ба рақобат мепардозанд. Илдар Аҳмадиев бошад, рӯзи 31-уми июл дар давидан ба масофаи 100 метр миёни мардон дар даври муқаддамотӣ рақобат хоҳад кард.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Олимпиада Тоҷикистонро киҳо намояндагӣ мекунанд. Наздиктар шинос мешавем

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Токио, ки 23-юми июл шуруъ шуд, то 8-уми август идома хоҳад кард. Олимпиада мебоист соли гузашта баргузор мешуд, аммо ба иллати пандемияи коронавирус барои як сол мавқуф гузошта шуд.

Ёдрас мешавем, ки ба барномаи Бозиҳои олимпии Токио-2020 33 намуди варзиш (50 равияи варзишӣ) ворид аст. 11 ҳазору324 варзишгар давоми 17 рӯз барои 339 маҷмӯи медалҳо талош мекунанд.

Дар шашум рӯзи бозиҳо дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Чин бо 14 медали тилло, 6 нуқра, 9 биринҷӣ пешсаф аст. ИМА, ки 13 тилло, 13 нуқра, 10 биринҷӣ дорад, дар ҷои дуюм, Ҷопон бо 13 тилло, 4 нуқра, 5 биринҷӣ дар мақоми сеюм ҳастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...