Дар доираи марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолонаш аз Индонезия бозии дӯстона баргузор мекунад.
Вохӯрӣ байни мунтахабҳои футболи олимпии Тоҷикистону Индонезияи синни то 23-сола рӯзи сешанбе, 19 октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардида, соати 18:00 оғоз мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти ФФТ.
Гуфта мешавад, дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон дар гуруҳи “В” бо тимҳои Лубнон (25 октябр), Непал (28 октябр) ва Эрон (31 октябр) рақобат мекунад.
Мунтахаби футболи олимпии Индонезия ба гуруҳи “G” шомил аст. Бозиҳои ин гуруҳ аз 27 то 30 октябр дар Душанбе доир мегарданд. Мунтахаби Чин (U-23) аз мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 хориҷ шуд. Дар ин робита дар гуруҳи “G” танҳо тимҳои Австралия ва Индонезия боқӣ монданд, ки рӯзҳои 27 ва 30 октябр байни ҳам ду бозӣ мегузаронанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.