Анҷумани журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини солро муайян кард. Темур Раҳимов дар варзишҳои риштаи олимпӣ ва Акмалиддин Каримов дар риштаи ғайриолимпӣ беҳтарин варзишгарони соли 2021-и Тоҷикистон эълон шуданд
Миҷгона Самадова дар миёни занон беҳтарин варзишгари сол эътироф гардид. Дар ин бора раиси Анҷумани журналистони риштаи варзиш Нарзулло Латипов иттилоъ медиҳад.
Номбурда мегӯяд, бар асоси натиҷагирии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои соли 2021 намояндагони панҷ ришати варзиш – ҷудо ва бокс, самбо, гуштини озод ва таэквондо ВТФ дохил шуданд.
Темур Раҳимов (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни +100 кг дар Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” (“Baku Grand Slam 2021”) дар Бокуи Озарбойҷон, медали биринҷии мусобиқаи “Abu Dhabi Grand Slam 2021” дар Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми президенти Тоҷикистон дар Душанбе.
Акмалиддин Каримов (самбо) – барандаи медали тиллои чемпионати ҷаҳон дар вазни 58 кг дар Тошканди Ӯзбекистон, медали нуқраи Ҷоми президенти FIAS (Федератсияи байналмилалии самбо) дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, медали биринҷии Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия.
Комроншоҳ Устопириён (ҷудо) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 90 кг дар Бишкеки Қирғизистон, медали нуқраи мусобиқаи “Тоскулоҳи бузург” (“Abu Dhabi Grand Slam 2021”) дар Абу Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб, ғолиби Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар Душанбе.
Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 73 кг дар Бишкеки Қирғизистон.
Хушқадам Хусравов (самбо) – барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон дар вазни 64 кг дар Тошканди Ӯзбекистон, ғолиби Ҷоми ҷаҳон дар Маскави Русия.
Далер Ризозода (гуштини юнониву румӣ) – барандаи медали нуқраи чемпионати Осиё дар вазни 77 кг дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон.
Миҷгона Самадова (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 57 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб, медали тиллои Ҷоми ҷаҳон дар Нижневартовски Русия.
Баҳодур Усмонов (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 64 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб.
Шаббос Неъматуллоев (бокс) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 81 кг дар Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб.
Моҳрӯ Ҳалимова (таэквондо ВТФ) – барандаи медали биринҷии чемпионати Осиё дар вазни 67 кг дар Бейрути Лубнон.
«Соли 2021 барои варзишгарони тоҷик соли имтиҳони ҷиддӣ буд. Даҳ варзишгари тоҷик дар Олимпиадаи Токио ширкат карданд. Вале, мутаассифона, онҳо натавонистанд медал ба даст биёранд. Зимнан, аз байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон бе медал монд», – иброз дошт Нарзулло Латипов.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.