Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар 21-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки имрӯз, 28 декабр баргузор гардид, бори чаҳорум Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи президенти КМО ягона номзад буд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки аъзои Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон роҳбарияти Кумитаро барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб карданд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 15 ташкилоти узви КМО Тоҷикистон пешбарӣ гардида, бар асоси Оинномаи КМОТ президенти Кумита барои чаҳор соли оянда интихоб шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон бори чорум аст, ки раиси КМОТ интихоб мешавад. Аз ин пеш ӯ ба ин вазифа солҳои 2009, 2013 ва 2017 интихоб шуда буд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода ва муовини ӯ Дилшод Назаров ноибони Президенти КМОТ, котиби генералии Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш Муҳаммадшо Абдуллозода котиби генералии КМОТ, Екатерина Измайлова, узви Комиссияи варзишгарони КМОТ, Шоҳида Қаландарова узви Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Абдулло Маҳамадализода котиби генералии Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон, Ҳусейнҷон Саидов узви Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон ва Нигина Хайруллоева котиби генералии Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон аъзои дигари Кумитаи иҷроияи КМОТ барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб гардида, нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита барои соли 2022 тасдиқ шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти КМОТ, дар ҷаласаи ассамблея ҳисоботи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар солҳои 2017-2021 шунида шуд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи Осиё – Саппоро-2017, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ – Боку-2017, Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ – Ашқобод-2017, Бозиҳои Осиё – Ҷакарта/Палембанг-2018, Бозиҳои олимпии наврасон – Буэнос Айрес-2018, Бозиҳои зимистонаи Бачаҳои Осиё – Сахалин-2019, Бозиҳои олимпӣ – Токио-2020 иштирок карданд.
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 3 медали биринҷӣ, дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ), дар Бозиҳои Осиё 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.
КМО Тоҷикистон мегӯяд, ки солҳои 2017-2021 28 варзишгар аз дастгирии молиявии олимпӣ – Токио-2020 бархурдор шуданд, ки маблағи умумии барнома 278800 долларри ИМА-ро ташкил додааст.
Натиҷагирии фаъолияти Кумита дар ҳолест, ки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токиои Ҷопон натавонистанд медал ба даст биёранд. Аз байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Осиёи Марказӣ танҳо Тоҷикистон бе медал монд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.