Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври интихобии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи «F» бо дастаҳои Қирғизистон, Мянма ва Сингапур бозӣ мекунад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, рӯзи 24 феврал дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии даври интихобии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023 баргузор шуд.
Гуфта мешавад, аз рӯи натиҷаҳои қуръакашӣ 6 гуруҳ бо 4 даста дар ҳар кадоме аз онҳо ташкил шуданд.
Бозиҳои гуруҳе, ки ба он Тоҷикистон шомил шуд, дар шакли мутамарказ дар як давр – рӯзҳои 8, 11 ва 14 июн дар Бишкек баргузор мешаванд.
Мунтахаби Тоҷикистон даври интихобиро рӯзи 8 июн дар бозӣ бо тими Мянма оғоз мекунад. Рӯзи 11 июн футболбозони тоҷик бо дастаи Сингапур ва дар бозии охирини гурӯҳ бо соҳибони майдон – Қирғизистон бозӣ мекунанд.
Ба даври финалии мусобиқа 11 даста – 6 дастаи ғолиби гуруҳҳо ва ҳамчунин 5 дастаи зинаи дуюми гуруҳҳо бо натиҷаҳои беҳтарин роҳ меёбанд.
“Мақсади мо дарёфти роҳхат ба даври финалӣ аст”
Сармураббии мунтахаби футболи Тоҷикистон мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар бораи натиҷаҳои қуръакашӣ чунин изҳори назар кардааст:
“Тоҷикистон бо тимҳои Қирғизистон ва Мянма дар мусобиқаи даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 бозӣ карда, бо онҳо шинос аст. Бозиҳои даври интихобӣ осон нахоҳанд буд. Мо бояд ҳамаи дастаҳоро эҳтиром карда, ба бозиҳо ҳамаҷониба омодагӣ гирем. Ман ба даста бовар дорам. Мақсади мо дарёфти роҳхат ба даври финалӣ аст. Мутмаинам, ки бори нахуст барои Тоҷикистон роҳхатро ба даври финалӣ ба даст меорем”.
Натиҷаи қуръакашии даври интихобии мусобиқаи Ҷоми футболи Осиё-2023:
Гуруҳи «А»: Урдун, Кувейт (соҳибони майдон), Индонезия, Непал.
Гуруҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (соҳибони майдон).
Гуруҳи «С»: Ӯзбекистон (соҳибони майдон), Таиланд, Малдив, Шри-Ланка.
Гуруҳи «D»: Ҳиндустон (соҳибони майдон), Гонконг, Афғонистон, Камбоҷа.
Гуруҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (соҳибони майдон), Бангладеш.
Гуруҳи «F»: Қирғизистон (соҳибони майдон), Тоҷикистон, Мянма, Сингапур.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.