Чор довар аз Тоҷикистон барои ҳакамӣ дар бозиҳои марҳилаи гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 дар минтақаи Ғарб даъват шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов ва ёвари довари ФИФА Фарҳод Куралов аз Душанбе дар бозиҳои гуруҳи “В”-и Ҷоми КФО-2022, ки аз 18 то 24 май дар Кувейт доир мегарданд, доварӣ мекунанд.
Боз ду намояндаи Тоҷикистон – довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло (Душанбе) ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов (Норак) аз 18 то 24 май бозиҳои гуруҳи “А”-ро дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2022 дар Уммон ҳакамӣ хоҳанд кард.