Қаҳрамонҳои футболи кишварҳои худ – “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Аҳал” (Туркманистон) ва “Пахтакор” (Ӯзбекистон) имкони идомаи мусобиқаро дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 аз даст доданд.
Тавре ки хабаргузории “Фергана” менависад, даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 ба таври мутамарказ дар Арабистони Саудӣ ва Таиланд ҷараён дорад.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, “Истиқлол”-и бозии даври панҷумро ҳам дар гуруҳи “А” ба дастаи “Ал-Райян”-и Қатар бо ҳисоби 0:1 бохт. Футболбозони тоҷик ҳанӯз баъди даври чорум имкони идомаи мусобиқаро аз даст дода буданд.
“Пахтакор”-и Ӯзбекистон низ дар бозии даври панҷум аз “Сипоҳон”-и Эрон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда, ҳамагӣ 3 имтиёз дорад. Дастаҳои дуюму сеюми ин гуруҳ аллакай 7-имтиёзӣ доранд ва дар сурати ғалаба низ дар даври охир ин даста дигар ба идомаи мусобиқа имкон надорад.
Тими “Аҳал”-и Туркманистон низ бо касби 1 имтиёз дар гуруҳи “С” аз идомаи минбаъдаи мусобиқа дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 маҳрум шуда, дастаи пеш аз он, ки дар синаи сеюм ҷойгир шудааст, аллакай 5 имтиёз дорад.
Ягона даста аз минтақаи Осиёи Марказӣ, ки метавонад рақобатро барои роҳ ёфтан ба даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 идома диҳад, тими “Насаф”-и Қаршии Ӯзбекистон мебошад, ки пас аз панҷ давр дар гуруҳи “Е” соҳиби 8 имтиёз шудааст. Дар даври шашуми охирини даври гуруҳӣ “Насаф” рӯзи 27 апрел бо дастаи “Ал-Ваҳдат”-и Урдун бозӣ мекунад.