Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба бокс миёни занон дар Туркия варзишгардухтари тоҷик Сумая Қосимова дар вазни зери 48 кг дар рақобат бо варзишгари Булғористон Севде Асенова бо ҳисоби 0:5 ба шикаст дучор шуд.
Дар вазни то 50 кг Руҳафзо Ҳақназарова бо муштзан аз Боливия Айда Санталла, вазни то 57 кг – Мижгона Самадова бо Лин Юй Тан (Тайбэйи Чин), дар вазни то 63 кг – Шоира Зулқайнарова бо намояндаи Кувейт Нура Ал-Мутаирӣ қувваозмоӣ мекунанд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс байни занон 6 май дар Туркия оғоз шуд. Мусобиқа дар Истанбул то 21 май идома ёфта, дар он 419 муштзанон аз 93 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар 11 вазн баргузор шуда, маблағи фонди ҷоизавии он 2,4 млн долларро ташкил медиҳад.
Дар ҳар кадоме аз вазнҳо барои ҷойи аввал 100 ҳазор доллар, зинаи дуюм – 50 ҳазор доллар ва мақоми сеюм – 25 ҳазор доллар мукофтпулӣ дода мешавад.