Бо сабаби вазъи саломатии сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) Мубин Эргашев, ки ҳоло дар Эрон дар табобат қарор дорад, сармураббии дастаи «Хатлон»-и Бохтар Аслиддин Ҳабибуллоев дастаро ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 омода мекунад.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, қаблан Ҳабибуллоев ба ҳайси мураббии дарвозабонҳо дар тими миллии кишвар фаъолият мекард.
Гуфта мешавад, ба ситоди иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон Аслиддин Ҳабибуллоев, Раҳматулло Фузайлов ва Юсуф Рабиев, мураббии дарвозабонҳо Меҳвар Сулаймонов ва мураббии таҳлилгар Фаррух Марофиев шомил шуданд.
Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки аз 1-ум то 19-уми июн дар Ӯзбекистон баргузор мешавад, тими Тоҷикистон дар гурӯҳи «D» бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои Арабистони Саудӣ (3 июн), Амороти Муттаҳидаи Араб (6 июн) ва Ҷопон (9 июн) хоҳанд буд.
Дар ҳамин ҳол, мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон ба ҷамъомади дуҳафтаинаи тамриниву омӯзишӣ дар Дубай оғоз намуд, ки ба омодашавии даста ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар Бишкек равона гардидааст.
Дар машқи аввал дар Дубай футболбозони даста вазъи солимии худро барқарор намуданд. Ҳозир дар ҳайати даста аз 26 нафари даъватшуда 15 нафар бозигарон ҳузур доранд.
Легионерҳо ё худ футболбозоне, ки дар хориҷи кишвар бозӣ мекунанд, тадриҷан ба мунтахаби Тоҷикистон дар Дубай ҳамроҳ мешаванд, зеро чемпионати кишварҳои ҳузурдоштаи онҳо идома дорад.
Пас аз анҷоми ҷамъомади тамриниву омӯзишӣ мунтахаби Тоҷикистон ба Бишкек раҳсипор мешавад ва дар доираи мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё дар гуруҳи “F” дар ин ҷо се бозӣ мегузаронад.
Футболбозони тоҷик рӯзи 8 июн бо мунтахаби Мянма, 11 июн – бо тими Сингапур ва 14 июн бо соҳибони майдон – дастаи Қирғизистон бозӣ мекунанд.