Дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо (WT) ба шарафи профессор Бак Мун Ҷонг варзишгарони тоҷик сазовори 9 медал гардиданд.
Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба Федератсияи таэквондо (WT)-и Тоҷикистон хабар медиҳад, мусобиқа миёни наврасон, ҷавонон ва калонсолон 21-24 май дар шаҳри Ташканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Гуфта мешавад, дар ин мусобиқа беш аз 1200 варзишгар аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат карданд.
Ба иттилои манбаъ, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 46 нафар – 36 варзишгар, 4 довар, 6 мураббӣ – дар мусобиқа иштирок карда, ба гирифтани 4 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
Медалҳои нуқраро Абдуҷаъфари Баҳодур (45кг), Мино Шарифова (55кг) миёни наврасон, Фарида Ғуломова (пумсе) ва Муниса Ойматова (53кг) миёни калонсолон ба даст оварданд.
Зикр мегардад, ки Хосият Сафарова (41кг), Нурина Алиназарова (41кг) миёни наврасон, Муниса Исматова (57кг), Муҳаммадҷон Сунатов (63кг) ва Абумуталиб Мирзоев (58кг) миёни калонсолон соҳиби медалҳои биринҷӣ гаштанд.