Дар Душанбе рӯзи 15 июн мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба волейбол байни ҷавонони синни то 23-сола оғоз гардид. Дар мусобиқа дастаҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон иштирок карда, он то 20 июн идома меёбад.
Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, имрӯз дастаи Тоҷикистон бо тими Ӯзбекистон бозӣ мекунад.
Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар ду давр баргузор шуда, дастаҳо миёни ҳам дубозигӣ анҷом медиҳанд.
Гуфта мешавад, дар рӯзи аввал – 15 июн Тоҷикистону Қазоқистон сабқат карда, дастаи Қазоқистон бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.
Имрӯз 17 июн Ӯзбекистон бо Тоҷикистон, 18 июн Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, 19 июн Қазоқистон бо Ӯзбекистон ва 20 июн Тоҷикистон бо Қазоқистон бозӣ мекунанд.
Бозиҳо дар маҷмааи варзишии “Манеж” баргузор мешаванд.