Дар рӯзи дуюми Чемпионати Осиё оид ба гуштин миёни наврасон (U-17) дар равияи юнонӣ-римӣ, ки дар Бишкеки Қирғизистон ҷараён дорад, варзишгари тоҷик Суннат Абдуллоев дар вазни -65кг ҷои дуюмро сазовор шуд.
Тавре ки Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, Суннат дар даври интихобӣ бар варзишгари Ҷопон Какиру Сакаӣ, дар чорякфинал бар намояндаи Туркманистон Какабай Какабаев, дар нимфинал бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Тиёнг Квон пирӯз шуда, ба финал баромад.
“Аммо дар даври ниҳоӣ аз варзишгари мизбон Кутман Темирбеков мағлуб гардида, ҷои дуюмро сазовор шуд”, – омадааст дар хабари Кумита.
Хотиррасон мешавад, ки дар рӯзи аввали чемпионат намояндаи дигари Тоҷикистон – Ҳусейн Ҳасанов дар вазни -60кг медали биринҷӣ ба даст овард.
Гуфта мешавад, аввалин маротиба аст, ки Чемпионати Осиё оид ба гуштин дар ду категорияи синну сол – то 17-солаҳо ва то 23-солаҳо дар як вақт доир мегардад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 14 нафар – 8 нафар миёни наврасон, 6 нафар миёни ҷавонон ба Бишкек сафарбар гардидаанд.
Зикр мегардад, ки тТибқи низомнома, мусобиқа миёни наврасони то 17-сола имрӯз ва пагоҳ бо рақобатҳои духтарон ва писарон дар равияи гуштини озод идома меёбад. 23 июн қувваозмоиҳо миёни ҷавонони то 23-сола оғоз мегардад.