Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук, ки дар шаҳри Юҷини иёлати Орегони ИМА ҷараён дорад, намояндаи Тоҷикистон Илдар Аҳмадиев дар мусобиқаи давидан ба масофаи 100 метр дар даври интихобӣ бо натиҷаи 10.66 сония дар дастааш дуюм шуда ба мара расид ва ба даври гурӯҳӣ роҳхат гирифт.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, ӯ дар марҳилаи интихобӣ миёни 28 нафар 9-ум шуда, вале дар даври дуюм дар гурӯҳаш натиҷаи 10.85 сонияро нишон дода, аз идомаи сабқат маҳрум шуд. Дар даври дуюм миёни 57 нафар 55-ум шуд.
Гуфта мешавад, ба ҳар сурат, ӯ ба даври гурӯҳӣ роҳ ёфт, ки ҳадафашро иҷро кард, зеро бори аввал як даванди тоҷикистонӣ тавонист ба даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон барояд.
Зикр мегардад, ки Илдар Аҳмадиев имсол дар дав ба масофаи 100 метр пас аз 36 сол бо натиҷаи 10.37 сония рекорди нави Тоҷикистонро гузошта буд.
Дар масофаи 100 метр миёни мардҳо се ҷои аввалро намояндагони ИМА ба даст оварданд. Фред Керлей бо натиҷаи 9.86 сония ҷои аввал, Марвин Бреси бо натиҷаи 9.88 сония ҷои дуюм, Трейвон Бромел бо натиҷаи 9.88 сония ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Рекорди ҷаҳонӣ дар масофаи 100 метр миёни мардҳо ба Усэйн Болт (Ямайка) мансуб аст (9.58), ки соли 2009 гузоштааст.
Дар мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук-2022 ба ғолибон 70 ҳазор, гирандагони медали нуқра – 30 ҳазор ва дорандагони медали биринҷӣ – 22 ҳазор доллар мукофотпулӣ дода мешавад. Ғайр аз ин, варзишгарони зинаҳои аз 4 то 8-ум (финалистҳо) бо маблағи аз 5 то 16 ҳазор доллар қадрдонӣ мешаванд.
Варзишгароне, ки рекорди ҷаҳонӣ мегузоранд, мукофотпулии махсус – 100 ҳазор доллар мегиранд.
Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯрои Созмони Варзиши сабуки ҷаҳонӣ, ки дар доираи чорабиниҳои ин чемпионат баргузор шуда, намояндаи Тоҷикистон – роҳбари Федератсияи варзиши сабуки ҷумҳурӣ қаҳрамони олимпӣ Дилшод Назаров низ иштирок кард.
Дар ҷаласаи Шӯро тасмим гирифта шуд, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук соли 2023 дар Будапешт (Маҷористон) ва соли 2025 – дар Токио (Ҷопон) баргузор мешаванд.