Дар даври навбатии Олимпидаи ҷаҳонии шоҳмот, ки дар шаҳри Ченнаии Ҳиндустон ҷараён дорад, мунтахабҳои занон ва мардони Тоҷикистонро пирӯзиву бохт пайгир аст.
Дар даври 5-уми мусобиқа мунтахаби мардони Тоҷикистон бар тими Суринам бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд. Алишер Каримов, Мустафохоҷа Ҳусейнхоҷаев, Меҳриддин Шарифов ва Ҷалолиддин Илҳомӣ ҳарифони худро мағлуб карданд.
Мунтахаби шоҳмоти занони Тоҷикистон ин дафъа бо ҳисоби 0:4 аз дастаи Ирландия шикаст хӯрд.
Дар даври минбаъда мунтахаби мардони Тоҷикистон бо тими Андорра ва мунтахаби занон – бо Суринам бозӣ мекунанд.
Ба ин тариқ пас аз 5 давр мунтахаби мардони Тоҷикистон дар зинаи 52-юм ва занон – дар мақоми 104-ум қарор доранд.
Дар мусобиқа байни мардон дастаҳои Ҳиндустон-2 ва Арманистон аз 10 холи имконпазир 10 имтиёз, Ҳиндустон-1, Ӯзбекистон, Эрон, Куба ва ИМА – 9 имтиёз ба даст овардаанд.
Байни занон бо касби 10-имтиёзӣ дастаҳои Ҳиндустон, Гурҷистон ва Руминия пешсаф мебошанд.
Қобили зикр аст, ки дастаҳои Русия, Беларус ва Чин дар ин мусобиқа иштирок надоранд.
Мусобиқа бо низоми швейтсарӣ дар 11 давр гузаронида мешавад. Ба ҷуз Олимпиада, дар Ченнаи имрӯзҳо Конгресии Федератсияи байнулмилалии шоҳмот (ФИДЕ) ҷараён дошта, рӯзи 7 август маросими интихоби президенти ФИДЕ баргузор мешавад.