Футболбози тоҷик Шериддин Бобоев тими “ Мақтаарал”-и Қазоқистонро тарк карда, ба дастаи “Нафт”-и Эрон гузашт. Дар ин бора агенти расмии футболбоз Кова Тилавпур дар телеграм-канали худ хабар дод.
“Ҳамааш тахт шуд! Бо хушнудӣ хабар медиҳам, ки мизоҷи “КТ” (Кова Тилавпур – эзоҳ), бозингари мунтахаби футболи Тоҷикистон Шериддин Бобоев бо дастаи “Нафт”-и Эрон қарордод баст. Қарордод ба муҳлати 1 сол ба имзо расид. Барору комёбӣ мехоҳам”, – навиштааст Тилавпур.
Айни замон Бобоев аз федератсияи маҳаллӣ иҷозатнома (литсензия) интизор аст, то ки дар ҳайати дастаи нав ба майдон барояд.
Портали “Трансмаркет” нархи футболбоз Шериддин Бобоевро 250 ҳазор евро арзёбӣ кардааст.
Дастаи”Санъат-Нафт”-и шаҳри Теҳрон пас аз ду даври чемпиоанти Эрон миёни 16 тим зинаи 15-умро ишғол мекунад.
Ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон сеюмин футболбози тоҷик аст, ки пас аз Ваҳдат Ханнонов (ДФ “Персеполис”) ва Эҳсони Панҷшанбе (ДФ “Зоб Оҳан”) ба дастаи Эрон гузашт.
Шериддин Бобоев 21 апрели соли 1999 таваллуд шудааст. Соли 2018 дар ҳайати “Истиқлол”-и Душанбе ба унвони қаҳрамони кишвар соҳиб гардида, инчунин нишонзани беҳтарини чемпионати Тоҷикистон шуд.
Соли 2017 бори аввал дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо Непал бозӣ карда, баъдтар ба тими “Пиканг” аз Суперлигаи Малайзия гузашт.
Бобоев аввали соли 2022 бо дастаи “Мақтаарал”-и Қазоқистон қарордод баст. Чанд рӯз пеш бо розигии ҳар ду тараф қарордод бекор шуд. Дар ҳайати ин даста Бобоев дар 10 бозӣ иштирок кард.