Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «I»-и мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё-2023 байни ҷавонон (U-20) зинаи 1-умро ишғол намуда, ба даври финалии ин мусобиқа роҳ ёфт.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, қисми ниҳоии мусобиқот аз 1 то 18 марти соли оянда дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, футболбозони тоҷик дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ бар ҳамсолони худ аз Камбоҷа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Голҳои Амадонӣ Камолов ва Бежан Нишонбойзода ба тими мо пирӯзии муҳим оварданд.
Дар ду даври аввал мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бозиро бо тими Сингапур муосивӣ (0:0) анҷом дода, дастаи Лубнонро бо ҳисоби калони 4:0 мағлуб карда буданд.
Ёдрас мекунем, ки ҳамаи бозиҳои мусобиқоти марҳилаи интихобии Ҷоми футболи Осиё (U-20) дар гурӯҳи «I» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуданд.