Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт дар мусобиқаи 48-уми байнулмилалии «King’s Cup 2022», ки чанде пеш дар Талинад ба итмом расид, пирӯзӣ ба даст овард.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии финалӣ бо тими мунтахаби Малайзия дар варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai» баргузор шуд.
Гуфта мешавад, вақти асосии бозӣ мусовӣ – 0:0 анҷом ёфта, дар силсилаи зарбаҳои 11-метра футболозони тоҷик бо ҳисоби 3:0 дастболо шуданд. Дарвозабони мо Рустам Ятимов ду зарбаи 11-метраи ҳарифонро баргардонид.
Ёдрас мекунем, ки дар бозии аввали нимфиналии мусобиқаи «King’s Cup 2022» мунтахаби Тоҷикистон тими Тринидад ва Тобагоро бо ҳисоби 2:1 мағлуб карда буд.
Зимнан зикр мегардад, ки дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон Рустам Ятимов беҳтарин бозингари вохӯрӣ дониста шуд.