Мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футзал имрӯз дар вохӯрӣ бо тими Баҳрайн дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми Осиё-2002 ба бозиҳояш оғоз мебахшад.
Пеш аз оғози бозиҳо дар даври финалии Ҷоми Осиё мунтахаби Тоҷикистон бо ду даста аз Амороти Муттаҳидаи Араб вохӯриҳои санҷишӣ барпо намуд.
Қобили зикр аст, ки даври финалии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футзал аз 27 сентябр то 8 октябр дар Кувейт доир гардида, мунтахаби Тоҷикистон дар гуруҳи “В” бозӣ мекунад.
Ҳарифони футболбозони тоҷик дастаҳои Баҳрайн (27 сентябр), Ӯзбекистон (29 сентябр) ва Туркманистон (1 октябр) мебошанд.
Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар варзишгоҳи “Саъд ал-Абдулло” дар Ал-Кувейт доир мегарданд. Дар ин мусобиқа 16 даста ширкат вразида, ба 4 гуруҳ тақсим шудаанд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври чаҳорякфиналӣ роҳ меёбанд.
Ҳайати дастаҳо дар даври гурӯҳӣ:
Гурӯҳи «А»: Кувейт, Ироқ, Таиланд, Уммон
Гурӯҳи «B»: Ӯзбекистон, Баҳрайн, ТОҶИКИСТОН, Туркманистон
Гурӯҳи «C»: Эрон, Лубнон, Тайван, Индонезия
Гурӯҳи «D»: Ҷопон, Ветнам, Ҷумҳурии Корея, Арабистони Саудӣ.