Ҳайати мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати навбатии ҷудои ҷаҳон, ки аз 6 то 13 октябр дар Тошканд баргузор мешавад, муайян шуд.
Тоҷикистонро дар ин чемионат Эмомалӣ Нуралӣ (вазни то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода ва Муҳаммадраҳим Сарахонов (то 73 кг), Шодмон Ризоев ва Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг), Абӯбакри Акобир (то 100 кг), Тимур Раҳимов (зиёда аз 100 кг) намояндагӣ мекунанд.
Бино ба маълумоти Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар чемпионат беш аз 570 варзишгар аз 86 кишвари саросари дунё ширкат меварзанд.
Рақобатҳо дар 14 дараҷаи вазнҳо – 7-тогӣ байни мардон ва занон, инчунин дар рӯзи охир – мусобқиаи омехта байни дастаҳо баргузор мешаванд.
Ғолибон ва ҷоизадорони чемпионат ба ҷуз медал, бо мукофтпулӣ низ қадрдонӣ карда мешаванд:
барои ҷойи аввал дар ҳисоби инфиродӣ – 26 ҳазор евро, зинаи дуюм -15 ҳазор евро ва ҷойи сеюм – 8 ҳазор евро.
Дар мусобиқаҳои омехтаи даставӣ тими ғолиб ба маблағи 90 ҳазор евро, зинаи дуюм – 60 ҳазор евро ва ҷойи сеюм – 25 ҳазор евро сарфароз гардонида мешаванд.
Дар мусобиқаҳои чемпонати Тоҷикистон Тоҷикистон ҳамагӣ як медал ба даст овардааст: соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия Расул Боқиев ба дарёфти медали биринҷӣ дар вазни то 73 кг шарафёб гардид.