Самандар Муродов, муборизи 23-солаи ММА аз Тоҷикистон дар мусобиқаи Road to UFC (Роҳ ба сӯи UFC) дар охири даври аввал Ҷиан Сикуэйраи бразилиягиро буғӣ карда, 9-умин пирӯзии худро ба даст овард.
Ҳоло барои ӯ роҳ ба лигаи UFC боз аст ва пас аз тасдиқи номзадиаш аз ҷониби роҳбарияти Лига ӯ сеюмин муборизи тоҷик дар UFC хоҳад шуд. Ин мавзӯъ дар ояндаи наздик пас аз эълони номи рақиби баъдиаш маълум мешавад. Дар ҳоли ҳозир Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров муборизони UFC ҳастанд.
Самандар Муродов фаъолияти кориашро соли 2018 оғоз кардааст. Вай дар вазни 77 кг баромад мекунад.
Самандар дар вазни (77 кг) қаҳрамони Eagle Fighting Championship (EFC), як ширкати промоутерӣ оид ба муҳорибаҳои омехта мебошад, ки соли 2020 аз ҷониби Ҳабиб Нурмагомедов таъсис ёфтааст.
Пас аз муҳориба Самандар мустақиман ба Дана Уайт – раҳбари UFC – бузургтарин созмони MMA дар ҷаҳон бо ин суханон муроҷиат кард: "Дана, ба ман шартнома деҳ!".