spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Чор кишвар барои барқарор кардани Бозиҳои Осиёи Марказӣ розӣ шуданд

Кумитаҳои миллии олимпии Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон масъалаи барқарор намудани Бозиҳои Осиёи Марказиро баррасӣ карданд, хабар дода мешавад дар сомонаи расмии КМО Қазоқистон.

Ин гуфтушунид дар ҷараёни кори Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи Кумитаҳои миллии олимпӣ дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор шуд.

Ҷонибҳо оид ба таҳияи муштараки барномаи варзишӣ, инчунин дубора барқарор намудани Бозиҳо дар давоми ду соли оянда ба тавофуқ расиданд. Кишвар ва рӯзҳои баргузории Бозиҳо баъдан муайян карда мешаванд.

Ғайр аз ин, байни ҷонибҳо дар бораи таҳияи механизмҳо барои беҳбуди омодагиҳои инфиродӣ ва муштараки кишварҳо дар соли 2023, ки марҳилаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-20234 мебошад, созиш ҳосил шуд. Ба ин хотир, ҷонибҳо истифодаи иншооти варзишии Осиёи Марказиро бо шартҳои мутақобилан судманд мувофиқи мақсад донистанд.

Аз соли 2015 раёсат дар Шӯрои олимпии Осиёро Қазоқистон бар дӯш дорад. Тибқи тақсимоти Шӯрои олимпии Осёи ба минтақа ҳафт кишвар шомиланд: Қазоқистон, Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон.

Бозиҳои Осиёи Марказӣ зери сарпарастии Кумитаи байнулмилалии олимпӣ гузаронида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аввалин Бозиҳои Осиёи Марказӣ моҳи сентябри соли 1995 дар Тошканд (Ӯзбекистон) доир гардиданд. Соли 1997 Бозиҳоро Алмато (Қазоқистон) ва соли 1999 – Бишкек (Қирғизистон) пазиройӣ карданд. Соли 2001 Ашқобод (Туркманистон) қабули Бозиҳоро рад кард. Соли 2003 Бозиҳо дар Душанбе (Тоҷикистон) баргузор шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...