Дар натиҷаи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2023 мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар гурӯҳи «С» қарор гирифта, дар он бо тимҳои Кореяи Ҷанубӣ, Урдун ва Уммон бозӣ хоҳад кард.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, чемпионати мазкур аз 1 то 18 март дар Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Дар қуръакашӣ, ки рӯзи 26 октябр дар Тошканд баргузор шуд, 16 даста ба чаҳор гурӯҳ – «А», «В», «С» и «D» тақсим шуданд. Ҳар кадоме аз гурӯҳҳо аз 4 даста иборат аст. Натиҷаҳои қуръакашӣ чунинанд:
Гурӯҳи «А»: Ӯзбекистон, Индонезия, Ироқ, Сурия.
Гурӯҳи «В»: Қатар, Австралия, Ветнам, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Кореяи Ҷанубӣ, ТОҶИКИСТОН, Урдун, Уммон.
Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ, Ҷопон, Чин, Қирғизистон.
Пас аз ҷамъбасти Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон дар Ӯзбекистон чаҳор дастаи беҳтарин ба чемпионати ҷаҳон, ки соли оянда дар Индонезия баргузор мешавад, роҳхат мегирад.
Қобили зикр аст, ки Кореяи Ҷанубӣ чемпиони 12-каратаи Осиё дар ин синнусол буда, ин нишондиҳандаи рекордӣ дар Конфедератсияи футболи Осиё мебошад.
Ғайр аз ин, ин даста 5 маротиба медалҳои нуқра ва 6 маротиба медалҳои биринҷии Чемпионати Осиё байни бозингарони 20-соларо ба даст овардааст. Урдун ва Уммон ба мисли Тоҷикистон ҳоло дастоварде надоранд.