Мунтахаби миллии футболи Русия, ки аз иштирок дар мусобиқаҳои расмии байнулмилалӣ хориҷ шудааст, ният дорад, ки бо мунтахабҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бозиҳои дӯстона баргузор намояд, хабар медиҳад портали Championat.Asia.
Гуфта мешавад, русиягиҳо бо тими Тоҷикистон рӯзи 17 ноябр дар Душанбе ва бо Ӯзбекистон – рӯзи 20 ноябр дар Тошканд бозӣ мекунанд. Рӯзҳои баргузории вохӯрӣ ҳоло дақиқ нестанд.
Ёдрас мекунем, ки дар вохӯрии охир мунтахаби Русия бо Қирғизистон вохӯрии дӯстона гузаронида, бо ҳисоби 2 бар 1 дастболо шуд.
Бо қарори ФИФА, мунтахаби Русия аз мусобиқаи Лигаи миллатҳои УЭФА хориҷ шуда, дар марҳилаи интихобӣ барои ҳаққи иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2022 бо Лаҳистон (Полша) вохӯрда натавонист, инчунин дар марҳилаи интихобии Чемпионати Аврупо-2024 иштирок намекунад.
Қаблан зикр гардида буд, ки мунтахаби Русия дар моҳи ноябр бо дастаҳои Эрон ва Боснияву Герсеговина бозӣ мекунад. Бозӣ бо тими Босния бояд дар Санкт-Петербург баргузор мешуд.
Ҳоло ин маълумот аз ҷониби Федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон расман тасдиқ нашудааст.
Лекин тибқи маълумоти манбаъҳои ғайрирасмӣ, ҳар ду даста ҳам омодаанд, ки бори нахуст дар таърихи худ бо тими миллии Русия бозӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, сармурабии мунтахаби Русия Валерий Карпин дар суҳбат бо хабарнигори нашрияи “Спорт-Экспресс” дар ин бора чунин гуфтааст:
“Бозиҳо бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон? Ҳамаашро аз Иттифоқи футболи Русия (РФС) пурсед. Ман чизе намедонам”, – изҳор доштааст Карпин.
Мунтахаби миллии футболи Русия дар таърихи худ ҳамагӣ 7 маротиба бо дастаҳои Конфедератсияи футболи Осиё – 2 мартибагӣ бо Эрону Кореяи Ҷанубӣ, 1 бор бо Қирғизистон дар бозии дӯстона ва 1-маротибагӣ бо Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон дар доираи Чемпионати ҷаҳон бозӣ кардааст.
Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар таърихи худ 8 маротиба бо дастаҳои УЭФА вохӯрдааст – 5 маротиба бо Қазоқистон, 1-маротибагӣ бо Озарбойҷон, Беларус ва Эстония.