spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Мунтахаби футболи Тоҷикистон 1,37 млн евро қимат шуд

Арзиши мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пас аз натиҷаи мусовӣ (0:0) бо дастаи мунтахаби Русия 1,37 млн евро боло рафта, мунтахаби Русия бошад, баръакс 26,55 млн евро поин рафт.

Тибқи маълумоти нави портали Transfermarkt, бо иловаи 1,37 млн евро акнун арзиши умумии мунтахаби Тоҷикистон 6,65 млн евро арзёбӣ мешавад.

Гаронтарин бозигари мунтахаби Тоҷикистон нимҳимоятгари марказӣ Парвизҷон Умарбоев мебошад, ки дар тими ЦСКА-1948-и Булғористон ҳунарнамоӣ мекунад ва 750 ҳазор евро арзёбӣ шудааст. Алишер Ҷалилов, футболбози дастаи “АГМК” Ӯзбекистон бо арзиши 700 ҳазор евро зинаи дуюмро ишғол мекунад.

Футболбози дастаи “Сурхон”-и Ӯзбекистон Зоир Ҷӯрабоев 500 ҳазор евро, бозингари “Зоб Оҳан”-и Эрон Эҳсони Панҷшанбе – 450 ҳазор евро ва дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов – 400 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Арзиши умумии мунтахаби футболи Тоҷикистон боло рафт

Ёдрас мекунем, ки бозии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзи 17 ноябр бо ҳузури 20 ҳазор нафар тамошобинон мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.

Пас аз сафар ба Осиёи Марказӣ мунтахаби Русия ду бозиро бо дастаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусовӣ – 0:0 анҷом дода, арзишаш 26,55 млн евро паст шуд. То бозӣ дар Душанбе ва Тошканд арзиши умумии бозигарони тими Русия 138,80 млн евроро ташкил дода, акнун 112,5 млн евро нарх дорад.

Арзиши умумии мунтахаби Ӯзбекистон низ 2,75 млн евро боло рафта, акнун 27,40 млн евроро ташкил медиҳад. Ду ҳафта еш ин нишондиҳанда ба 24,65 млн евро баробар буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...