Ҷоми Ҷаҳон – 2022, ки 20-уми ноябр дар Қатар оғоз гардид, пас аз ҳудуди як моҳи рақобатҳои ҷолиб, ба марҳилаи ниҳоӣ наздик мешавад. Ҳоло танҳо ду бозии дигар боқӣ мондааст: барои мақоми 3-юм, ки 17-уми декабр миёни дастаҳои Хорватия ва Марокаш баргузор мешавад ва барои ғолибияти кул дар мусобиқа, ки 18-уми декабр Фаронсаву Аргентина миёни худ муайян мекунанд.
Новобаста аз мақоми ишғолкарда, ҳамаи дастаҳои иштирокчӣ маблағи муайян ба даст меоранд. Он чанд пул аст?
Бино ба маълумоте, ки Федератсияи ҷаҳонии футбол (FIFA) интишор намуд, мукофотпулии Ҷоми Ҷаҳон-2022 дар Қатар 440 млн долларро ташкил медиҳад. Ин 40 млн доллар бештар аз Ҷоми Ҷаҳон-2018 дар Русия аст.
Ин маблағ чӣ гуна тақсим мешавад?
Ба ҳамаи дастаҳои иштирокчии мусобиқот барои тамрин ва омодагӣ ба Ҷоми Ҷаҳон-2022 1,5 млн долларӣ тақдим карда мешавад. Ҳамчунин, ба ҳамаи дастаҳо барои бозӣ дар марҳилаи гуруҳӣ 9 млн долларӣ дода мешавад.
Ғолиби мусобиқот бошад, соҳиби 42 млн доллар мешавад. Дар маҷмӯъ, чемпион аз Қатар бо 52,5 млн доллар ба хона меравад.
Ба тиме, ки мақоми 2-юмро ишғол мекунад 30 млн доллар тақдим мегардад. Ба соҳиби ҷойи 3-юм 27 млн доллар ва тиме, ки ҷойи 4-умро мегирад, 25 млн доллар дода мешавад.
Тимҳои дигар ба таври зайл мукофонида мешаванд:
Мақоми 5-8-ум – 68 млн доллар (17 млн долларӣ барои ҳар тим);
Мақоми 9-16-ум – 104 млн доллар (13 млн долларӣ барои ҳар тим).
Ҳамчунин, Федератсияи ҷаҳонии футбол ба дастаҳое, ки футболбозонаш ба тимҳои миллӣ ҷалб шудаанд, 209 млн доллар фуброн пардохт менамояд.
Мукофотпулии ғолибони Чемпионатҳои ҷаҳони солҳои пеш
Мунтахаби Фаронса барои пирӯзӣ дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия аз ФИФА 38 млн доллар ва соли 2014 Олмон – 35 млн доллар гирифта буд. Дар ҳар кадоме аз чемпионатҳо маблағи мукофтпулӣ зиёд мешавад.
Даромади Қатар аз Чемпионати ҷаҳон-2022
Раиси Кумитаи тадорукоти Чемпионати Ҷаҳон-2022 Носир Ал-Хотир гуфтааст, ки дар Қатар интизор доранд, ки ду баробар зиёдтар аз маблағгузорӣ ба омодагии мусобиқот пул кор кунанд.
“Дар вақти баргузории мусобиқоти ба ин ҳад бузургмиқёс маъмулан сафи сайёҳон меафзояд. Масалан, қаблан чунин ҳолат дар Бразилия ва Русия ба мушоҳида расида буд. Даромади пешбинишуда аз баргузории чемпионат дар ҳаҷми 17 млрд доллар дар назар аст. Дар ҳамин ҳол, хароҷот қариб ба 8 млрд доллар баробар аст”, – гуфтааст Ал-Хотир ба нашрияи Courrier International