Рӯзҳои 11-12-уми феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо баргузор шуд, ки дар он 250 варзишгар аз ҳамаи манотиқи кишвар ширкат карданд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мусобиқот аз рӯи 7 вазн миёни мардҳо ва 2 вазн миёни бонувон сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар чорабинӣ Расул Боқиев, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Пекин-2008 ва қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон, ки дар шаҳри Маскави Русия кору зиндагӣ мекунад, ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат дошт.
“Қувваозмоиҳо миёни бонувон дар ду вазн -57кг ва -63кг сурат гирифт, ки Шоҳида Қаландарова ва Ҷонона Назарова беҳтарин буданд. Миёни мардҳо дар 6 вазн намояндагони шаҳри Душанбе ва дар як вазн варзишгари шаҳру навоҳии тобеи марказ унвони чемпиониро ба даст оварданд”, – хабар медиҳад КМО.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал, бори аввал бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд.
Ғолибон ва ҷоизадорони Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо дар соли 2023:
Миёни занон дар вазги -57кг
1. Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА
2. Фазилат ГУЛБОЕВА
3. Рӯзафзун БЕКНАЗАРОВА
дар вазни -63кг
1. Ҷонона НАЗАРОВА
2. Мавлуда ОДИНАЕВА
3. Қурбонгул ҲАЛИМОВА
Миёни мардон дар вазни -60кг
1. Ҳақдод ГУЛОВ (Душанбе)
2. Муҳаммад МАҲМАДИЗОДА (Душанбе)
3. Меҳрзод СУФИЕВ (Душанбе)
3. Саъдӣ Маҳмадов (Душанбе)
дар вазни вазни -66кг
1. Эмомалӣ НУРАЛӢ (Душанбе)
2. Шаҳбоз САИДАБРОРОВ (Душанбе)
3. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (Душанбе)
3. Ориф ДОДОВ (Душанбе)
дар вазни -73кг
1. Маҳмадшариф НАҶМИДДИНОВ (Душанбе)
2. Абубакр ШЕРОВ (Душанбе)
3. Мирзоҷамил РАМАЗОНОВ (Хатлон-1)
3. Илҳомиддин ҶАББОРОВ (Рашт)
дар вазни -81кг
1. Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛОВ (Душанбе)
2. Сайфидин САЙФИДИНЗОДА (Суғд)
3. Ҳамроз РАҶАБОВ (Суғд)
3. Умар РАСУЛОВ (ШНТМ)
дар вазни -90кг
1. Ҳақназар НАЗАРОВ (ШНТМ)
2. Умедҷон РАҶАБОВ (Душанбе)
3. Акмал МУРОДОВ (Хатлон-1)
3. Кароматулло ҲАКИМОВ (Душанбе)
дар вазни -100кг
1. Исроил РАҲИМОВ (Душанбе)
2. Саидҷамол АЛИМАРДОНОВ (Душанбе)
3. Ворис НУРИДДИНОВ (ШНТМ)
3. Улуғбек РАҲИМОВ (ШНТМ)
дар вазни +100кг
1. Мансур РАҲМОН (Душанбе)
2. Иброҳим ЭЛМУРОДОВ (Душанбе)
3. Башир ФАХРИДДИН (Душанбе)
3. Муҳаммад ОДИНАЕВ (Душанбе)