spot_img
spot_imgspot_imgspot_imgspot_img

Нурулло Алиевро дар Лас-Вегас ғорат кардаанд

Нурулло Алиев, аввалин размкори тоҷик дар UFC-ро баъди пирӯзӣ дар аввалин муҳориба дар шаҳри Лас-Вегаси ИМА ғорат кардаанд. Дар ин бора пойгоҳи иттилоотии AgFight хабар медиҳад.

Нурулло Алиев рӯзи 26-уми феврал бар ҳарифи бразилии худ Рафаэл Алвес пирӯз шуд. Пас аз пирӯзӣ дар таваққуфгоҳи меҳмонхонаи Палас Стейшн мошини иҷораашро бо тирезаи шикаста пайдо кард. Аз мошин 6 борхалта, ки дар дохили он ашёи гуногун, пул, ҳуҷҷатҳо ва дастгоҳҳои электронӣ буд, дуздида шудааст.

Ба гуфтаи Дейв Назаров, тарҷумони гурӯҳи Алиев, кормандони меҳмонхона ба дар муайян кардани ғоратгарон кӯмак накардаанд. Онҳо ҳатто барои муайян кардани шахсияти ғоратгарон бо истифода аз дастгоҳҳои сабт иқдоме накардаанд. Худи варзишгарон ашёи гумшударо тавассути системаи ҷойгиршавӣ дар AirPods, ки дар яке аз ҷузвдонҳо буданд, пайдо кардаанд.

“Мо борхалтаҳои худро дар мошини боркаш пайдо кардем, аммо вақте ғоратгарон фаҳмиданд, ки мо онҳоро таъқиб мекунем, суръати ҳаракатро тезониданд. Ба 911 занг задем, аммо онҳо ба мо кумак кардан нахостанд, зеро ин ҳолати фавқулодда набудааст”, – гуфт Назаров.

Онҳо ба сарвари амнияти UFC муроҷиат кардаанд ва ӯ барои кӯмак детективҳои хусусиро фиристодааст. Пас аз чанд соат, мошин ёфт шуда, аммо ашёҳо нопадид шудаанд.

Гуфта мешавад, ки ҳоло полиси Лас – Вегас тафтишотро оғоз кардааст.

Ёдовар мешавем, ки охири ҳафтаи гузашта Нурулло Алиев дар нахустин қувваозмоии худ дар UFC бар Рафаэл Алвес бразилӣ пирӯз шуд. Варзишгари Тоҷикистон дар 8 қувваозмоӣ тибқи қоидаҳои муҳорибаи омехта 8 пирӯзӣ ба даст овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Тарҷумаҳо:

Маводҳои ҳамсон

spot_imgspot_img

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ моро пайгирӣ кунед!

Новости компаний

Новости компаний

Навгонии ширкатҳо

Пулро аз Русия бе фоиз бо ёрии Dushanbe City интиқол диҳед

Интиқоли Шумо дар як лаҳза ва бе комиссия мегузарад.

Meta боз 10 ҳазор нафар кормандонашро ихтисор мекунад

Ин навбати дуюми ихтисори бузургмиқёс дар Meta тайи ним соли ахир мебошад.

“Душанбе Сити” ба интиқоли бефоизи маблағ ба Ӯзбекистон кумак мекунад

Замимаи DC NEXT интиқоли маблағро ба кишварҳои ҳамсоя боз ҳам осонтар мекунад.

MIT: чӣ гуна барномасозони тоҷик як низоми бузурге сохтанд

Низоми City Card то кадом андоза муваафақ шуд?
spot_imgspot_img

ХАБАРҲОИ ОХИРОН

Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд

Саломат Холиқова зиёда аз 40 сол аст, ки пахта...

Ҳаҷми содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 4 моҳи...

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи Варзоб сохта шудани боғи нави ҳайвонотро рад кард

Шаҳрдории Душанбе маълумоти дар роҳи самти ноҳияи Варзоб сохта...