Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи “С” мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бар тими Уммон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозӣ рӯзи 5 март доир гардида, голи ягонаро дар дақиқаи 79-ум сарвон (капитан)-и даста Амадонӣ Камолов ба самар расонд.
Гуфта мешавад, дар вохӯрии дигари гурӯҳи “С” тими Урдун аз дастаи Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд.
Акнун дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 8 март мунтахаби ҷавонони мо бо дастаи Кореяи Ҷанубӣ, ки дар ду вохӯрӣ шаш имтиёз ба даст овардааст, рақобат менамояд. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Бунёдкор” дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз ҳар гурӯҳ 2 -дастагӣ ба давраи чаҳорякфиналии мусобиқа роҳ меёбанд.
Дар бозии аввал футболбозони ҷавони тоҷик бозиро ба тими Урдун бо ҳисоби 0:2 бохтанд, ҳарчанд як бозигари дастаи ҳариф аз майдон хориҷ шуда буд.
Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи "С" пас аз 2 давр: