Ҷудокори тоҷик Сомон Маҳмадбеков дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудо – Tashkent Grand Slam-2023, ки рӯзҳои 3-5 март дар Тошканд баргузор шуд, ба дарёфти медали биринҷӣ ноил гардид.
Рӯзи 4 март ба ҷуз Сомон Маҳмадбеков, намояндагони дигари Тоҷикистон дар вазнҳои 73 кг ва 81 кг байни мардон – Маҳмадшариф Наҷмиддинов (-73 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг) низ рақобат карда, лекин танҳо ба ӯ муяссар шуд, ки медал ба даст орад.
Дар даври чаҳорякфиналӣ Сомон бар варзишгар аз Ӯзбекистон дастболо шуда, лекин дар даври нимфиналӣ аз ҷудокори Австрия шикаст хӯрд. Дар рақобат барои ҷойи сеюм Маҳмадбеков боз як намояндаи Австрияро мағлуб намуда, ба медали биринҷӣ соҳиб шуд, хабар медиҳад портали Karate.ru.
Ёдрас мекунем, ки қаблан боз як намояндаи Тоҷикистон Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни то 66 кг ба дарёфти медали тиллои ин мусобиқа ноил гардида буд.
Дар зарфи 3 рӯз варзишгарон аз 49 кишвар барои дарёфи 14 маҷмӯи медалҳо – 7-тогӣ байни мардон ва занон бо фонди ҷоизавии 154 азор евро рақобат карданд. Дорандагони медалҳои тилло бо 5 ҳазор евро, нуқра – 3 ҳазор евро ва биринҷӣ – 1,5 ҳазор еврогӣ қадрдонӣ мешаванд.