Дар даври охири марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 дар Ӯзбекистон бозии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо тими Кореяи Ҷанубӣ дар гурӯҳи “С” мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт.
Тавре ки Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бозии дигар дар ин гурӯҳ миёни дастаҳои Урдун ва Уммон низ бо ҳамин ҳисоб ба охир расид.
Ба ин тариқ, ҷойи аввалро дар гурӯҳи “С” бо касби 7 хол тими Кореяи Ҷанубӣ ишғол кард. Мунтахабҳои Тоҷикистон ва Урдун 4-имтиёзӣ гирифта, лекин бо назардошти ғалабаи тими Урдун бар Тоҷикистон (2:0) дар бозии бай ни ин дастаҳо Урдуни зинаи дуюмро гирифта, ба даври чозорякфиналӣ роҳ ёфт.