Пагоҳ, 31 март мусобиқаи “Grand Slam” (Тоскулоҳи Бузург) оид ба ҷудо дар Анталия (Туркия) оғоз мегардад, ки то 2 апрел давом мекунад.
Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо, дар мусобиқа 617 варзишгар – 357 мард ва 260 зан аз 85 кишвар иштирок мекунанд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 5 варзиiшгарро ба Туркия мефиристад: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (то 73 кг), Шодмон Ризоев (то 81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (то 90 кг).
Ин мусобиқа маъмулан дар 7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон баргузор мешавад.
Дар рӯзи аввали мусобиқа, 31 март Муҳаммадсолеҳ Қувватов ва Обид Ҷебов, рӯзи 1 апрел – Беҳрӯз Хоҷазода ва Шодмон Ризоев, 2 апрел – Ҷаҳонгир Маҷидов қувваозмоиро оғоз мекунанд.
Маблағи мукофтпулии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳо бо 4 ҳазор евро, зинаи дуюм – бо 2,4 ҳазор евро ва зинаи сеюм – бо 1,2 ҳазор еврогӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд. Мураббиёни онҳо мутаносибан 1000, 600 ва 300 евро мукофотпулӣ мегиранд.
Соли равон боз мусобиқаҳои зерини байнулмилалӣ оид ба ҷудо дар назар аст:
7-14 май: Чемпионати ҷаҳон, Давҳа (Қатар)
25-27 май: Гран-при, Линтс (Австрия)
2-4 июн: Гран-При, Душанбе (Тоҷикистон)
23-25 июн: “Grand Slam”, Улан-Батор (Муғулистон)
4-6 август: Мастерс, Будапешт (Маҷористон)
18-20 август: Гран-при, Загреб (Хорватия)
29-30 август: мусобиқаи санҷишӣ (тестӣ), Париж-2024 (Фаронса)
22-24 сентябр: “Grand Slam”, Боку (Озарбойҷон)
4-8 октябр: Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон, Коимбра (Португалия)
10-12 ноябр: “Grand Slam, Абу-Даби (АМА)
2-3 декабр: “Grand Slam, Токио (Ҷопон).