Дар мусобиқаи самбои “Ҷоми асосгузорони самбо” варзишгари тоҷик Шаҳбоз Нозимзода дар вазни 71 кг ба дарёфти медали тилло ноил гардид, хабар медиҳад Федератсияи умумирусиягии самбо.
Намояндаи дигари Тоҷикистон Ғуломшо Давлатназаров дар вазни то 58 кило медали биринҷӣ гирифт.
Ин мусобиқа рӯзҳои 25-26 март дар Маскав бо иштироки варзишгарон аз Русия, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ, Қирғизистон, Беларус, Туркманистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Чин ва Марокаш баргузор шуд.
Барои самбочиёни тоҷик боз ду мусобиқаи муҳим дар пеш аст – рӯзҳои 12-13 май дар Баҳрайн Чемпионати Осиёи ва Уқёнус оид ба самбои соҳилӣ ва рӯзҳои 12-18 июн дар Қазоқистон чемпионати мукаммали қора доир мегардад.