Варзишгари тоҷик Шавкат Раҳимов намояндаи Уэлс Ҷо Кординаро мағлуб карда натавонист. Ин қувваозмоии асосии шоми бокс дар ватани Кордина рӯзи 22 апрел дар Кардифф баргузор шуд.
Тавре ки sports.tj менависад, баъди пирӯзӣ бар Шавкат Раҳимов бо қарори ҷудогонаи доварон, варзишгари бритониёӣ камарбанди IBF дар вазни якуми сабукро дубора соҳиб шуд.
Қувваозмоӣ хеле шавқовар гузашта, яке аз ҳакамон бо ҳисоби 116-111 пирӯзиро ба Раҳимов лоиқ донист, лекин ду довари дигар бо ҳисобҳои 115-112 ва 114-113 Кординаро ғолиб донистанд.
Дар раунди дуюм Раҳимов дар нокдаун қарор гирифт.
Ба ин тариқ, Раҳимов аз унвони чемпиони IBF дар вазни нимасабуки дуюм маҳрум шуд.
Барои муштзан аз Тоҷикистон ин бохти аввал дар ҳунарнамоии касбиаш аст. То ин дам ӯ 17 ғалаба ва 1 мусовӣ дошт.
Кордина бошад, дар ҳамаи 16 қувваозмоӣ ғалаба ба даст овардааст.
Кордина бори аввал ба ин унвон соли гузашта соҳиб гашта, лекин бар асари ҷароҳат гирифтан бо довталаби ҳатмӣ Раҳимов вохӯрда натавонист ва ба ивази унвони довталаби ҳатмӣ аз унвон маҳрум шуд. Раҳимов моҳи ноябри соли гузашта унвони холишудаи IBF-ро соҳиб гардида, дар Кардифф ҳимояи аввали унвонро барпо кард.
Шавкат Раҳимов 14 августи соли 1994 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (феълан – Бохтар) таваллуд шудааст.
Ӯ борҳо Тоҷикистонро дар мусобиқаҳо намояндагӣ карда, қаҳрамони секаратаи ҷумҳурӣ, ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байнулмилалӣ байни дӯстдорон аст.