Президенти Федератсияи байнулмилалии Ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) Ҷанни Инфантино шоми рӯзи 1 май бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад, хабар дода мешавад дар торнамои расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбари футболи ҷаҳонро роҳбарияти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ истиқбол гирифтанд.
Дар доираи сафар Ҷанни Инфантиноро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Илова бар ин, Ҷанни Инфантино бо раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқоти расмӣ доир карда, масъалаҳои рушди футбол дар кишварро баррасӣ мекунанд.
Президенти ФИФА ҳамчунин дар Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе ширкат хоҳад кард, ки зимни он маросими интихоби роҳбарияти CAFA барои давраи чаҳорсолаи нав сурат мегирад.
Президенти Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) Шайх Салмон бин Иброҳим Ал-Халиф аз 28 апрел дар Душанбе қарор дорад. Ӯҳам дар кори Конгресси CAFA иштирок мекунад.
Роҳбари амалкунандаи Ассотсиатсия Рустами Эмомалӣ аст. Номзадии ӯ бори дигар ба вазифаи роҳбари CAFA барои давраи чор сол (2023-2027) баррасӣ мешавад.