Дар Тоҷикистон бори нахуст мусобиқа оид ба сайёҳии варзишӣ доир гардид. Ин мусобиқа бо ташаббуси Федератсияи сайёҳии варзишии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо шарикон рӯзҳои 28-30 апрел дар дараи Қаратоғ баргузор шуд.
“Барномаи мусобиқа аз рақобатҳо дар сайёҳии кӯҳгардӣ, кӯҳнавардӣ ва гузаштани дарё иборат буд. Ба гуфтаи роҳбари федератсияи миллӣ Бобомурод Мирзоев, дар кишвар ҳамагӣ 10 навъи сайёҳии варзишӣ дар ҳоли рушд қарор доранд.
“Мо аз рӯи се навъи он мусобиқа гузаронидем, – иброз дошт вай. – Дар ин мусобиқаҳо 10 дастаи макотиби олӣ, коллеҷу литсей, инчунин ширкатҳои сайёҳӣ ва 2 дастаи дӯстдорони ин соҳа иштирок карданд”.
Ба қавли Мирзоев, ҳадаф аз баргузории мусобиқаи аввл начандон ба паҳлӯи варзишӣ дахл дошт, балки метавон онро омӯзишӣ ва таълимӣ гуфт.
“Гап сари он аст, ки дар мо аз рӯи ин навъҳо варзишгарони касбӣ нестанд, аз ин рӯ, нахуст онҳоро омӯзонидан ва сипас баргузор намудани мусобиқаҳои мукаммал зарур аст”, – гуфт роҳбари Федератсия.
Қобили зикр аст, ки мусобиқаҳо зери назорати мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода доир гардида, дар баргузории онҳо намояндагони Кумитаҳои ҷавонон ва рушди сайёҳӣ, инчунин раҳбарияти маҷмааи “Шарқи озод” кумак карданд.
“Чемпионати озмоишии мо муваффақона гузашта, шоҳиди он шудем, ки теъдоди зиёди одамон, аз ҷумла ҷваонон ба ин навъи варзиш таваҷҷуҳ доранд, – гуфт Мирзоев. – Ният дорем, ки мусобиқаи навбатиро дар дараи Ромит баргузор кунем”.
Суратҳо аз Федератсияи сайёҳии варзишии Тоҷикистон