Бо вуҷуди зинаи панҷумро ишғол намудан дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо дар Қатар, ҷудокори тоҷик Темур Раҳимов дар садри радабандӣ (рейтинг)-и ҷаҳонӣ дар вазни +100 кг боқӣ мемонад. Дар Чемпионати ҷаҳон-2023 ӯ 720 имтиёз ба даст оварда, шумори имтиёзҳои рейтингии худро то 6050 расонид.
Дигар иштирокчиёни Чемпионати ҷаҳон-2023 аз Тоҷикистон ҳарчанд медал гирифта натавониста бошанд ҳам, дар радабандии Федератсияи байнулмилалии ҷудо имтиёзҳо касб карданд.
Абӯбакри Акобир (-100 кг) 11 зина боло – то 85-ум ҷой боло рафта, Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) 20 мавқеъ боло рафт ва зинаи 71-умро ишғол кард. Шодмон Ризоев (-81 кг) 11 зина боло рафта, то зинаи 42-юм расид.
Беҳрӯз Хоҷазода (-71 кг) нишондиҳандаи худро 3 зина – то 31-юм беҳтар кард. Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг) 2 зина боло рафта, ба ҷойи 9-ум баромад. Шаҳбоз Саидаброров (-66 кг) 15 зина боло рафта, акнун дар радабандии ҷаҳонӣ дар мақоми 37-ум қарор дорад.
Комроншоҳ Устопириён (-90 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) мутаносибан мавқеъҳои худ – 16-ум ва 32-юмро нигоҳ доштанд.
Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо-2023 аз 7 то 14 май дар Давҳа баргузор шуд. Дар чемпионат 657 варзишгар (343 мард ва 314 зан) аз 99 кишвари саросари дунё рақобат карданд.
Дар ҳисоби умумидаставӣ зинаи аввалро Ҷопон, дуюмро – Фаронса ва сеюмро – Гурҷистон ишғол намуданд. Мукофотпулии фонди ҷоизавии мусобиқа 1 млн евроро ташкил дод.