Рӯзи 22 июн як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон талош кардааст, ки аз толори додгоҳи шаҳри Ставрополи Русия фирор кунад. Дар ҷараёни таъқиби ӯ як навраси 17-сола ва як духтари 10-сола аз тири афсарони пулис ҷароҳат бардоштаанд.
Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, амалиёти таъқиби як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Ставропол дар ҷануби Русия ҳамагӣ чанд дақиқа давом карда, вале боиси ҷароҳат бардоштани дастикам се нафар – худи маҳбуси фирорӣ ва ду раҳгузари ноболиғ шудааст.
Ба ҳаёти он ду ноболиғ, ки якеаш писари 17-сола ва дувумӣ духтари ҳамагӣ 10-сола будаанд, ба гуфтаи табибон, хатари ҷиддие вуҷуд надорад, вале ҳарду таҳти табобат боқӣ мемонанд. Маҳбуси фирориро кормнадони пулис боздошт кардаанд.
Шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир айбдор мешуд, кормандони пулис субҳи 22 июн барои муҳокимаи парвандааш ба додгоҳ овардаанд, вале ӯ худро аз дасти посбонҳояш раҳо карда, ба кӯча задааст.