Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the acf domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121

Notice: Function _load_textdomain_just_in_time was called incorrectly. Translation loading for the td-cloud-library domain was triggered too early. This is usually an indicator for some code in the plugin or theme running too early. Translations should be loaded at the init action or later. Please see Debugging in WordPress for more information. (This message was added in version 6.7.0.) in /var/www/asiaplus/wp-includes/functions.php on line 6121
Ғизои модару кӯдаки тоҷикистонӣ беҳбудӣ мехоҳад - Азия-Плюс | Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон

Ғизои модару кӯдаки тоҷикистонӣ беҳбудӣ мехоҳад

Зебуниссо РУСТАМОВА, Маҳинаи ДАВЛАТ, Рафаэл ГУЛОВ

Вазъи саломатии инсон дар ҳар ҷомеа ба ғизои хуб вобаста аст. Камғизоӣ ва норасоии витамину минералҳои зарурӣ дар хӯрокворӣ пайомадҳои ногувор дошта, боиси камхунию камвазнӣ, бемадорию нотавонӣ, ақибмонии рушди ақлонию ҷисмонӣ, инчунин фавти беш аз 7500 кӯдаки тоҷикистонӣ дар як сол мешавад. Барои ҳалли ин мушкилот ғанигардонии ғизо ё илова кардани микроэлементҳои ҳаётан муҳим ба маҳсулоти асосии хӯрокворӣ воситаи бехатар ва самарабахши беҳсозии вазъи сиҳатии ҷомеа арзёбӣ мешавад.

Аҳамияти 1000 рӯзи аввали умр

Норасоии витамину минералҳои зарурӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои сину солашон гуногун таъсир мерасонад, аммо кӯдакон ва занони қобили таваллуд аз ҳама бештар осебпазир мебошанд. Аз сабаби норасоии микроэлементҳои ғизоӣ онҳо аз тамоми имконоту қобилиятҳои худ ҳамчун хонанда, модар, коргар ва шаҳрванд комилан бархурдор шуда наметавонанд.

Равзанаи имконият барои беҳсозии ғизо хурд аст – аз лаҳзаи дар батни модар пайдо шудани ҷанин то синни 2-солагии тифл, ки ин давраи ҳаёти кӯдакро "1000 рӯзи тиллоӣ" меноманд.

Дар сурати нокифоятии ғизои солим, зарар ба рушди ҷисмонӣ ва ташаккули мағзи сар, ки дар ин марҳила рух медиҳад, ҷиддӣ ва аксаран якумрию бебозгашт аст.

МЕДИА (YOUTUBE)

Шири модар – сарчашмаи ҳаёт

Шири модари солим дорои витамину минералҳои ҳаётан муҳим мебошад, ки қувваи муҳофизатии бадани кӯдакро беҳтар намуда, ӯро аз гирифторӣ ба бемориҳои гуногун муҳофизат мекунад. Дар робита Шералӣ Раҳматуллоев, сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ чунин гуфт: «Шири модар “иммунизатсия”-и аввалин барои тифл аст. Яъне ҳамон фаллае, ки дар рӯзҳои аввали ширдиҳии модар меояд, дар муддати 3-4 моҳ кӯдакро аз тамоми бемориҳои сироятӣ эмин медорад. Шири модар барои таъмини тифл бо тамоми витамину минералҳои зарурӣ дар 6 моҳи аввал 100 дарсад басанда аст. Баъд аз 6-моҳагӣ ба кӯдак ғизои иловагӣ – сабзӣ, карам, лаблабу ё картошкаи кӯфташуда (пюре) метавон дод. Кӯдаконе, ки то 2-солагӣ пайваста шири модар истеъмол мекунанд, бамаротиб камтар гирифтори бемориҳо мешаванд».

МЕДИА (IFRAME)

Дар навбати худ момодоя Зебуниссо Малаева мегӯяд: «Табиат шири модарро чунон офаридааст, ки дар тӯли 6 моҳи аввали ҳаёти кӯдак талаботи ӯро пурра қонеъ гардонида метавонад. Таркиби шири модар аз витамину минералҳо, сафеда, чарбу, имуноглабулин ва карбогидратҳо бой буда, беш аз 87 дарсадашро об ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, то шашмоҳагӣ ба кӯдакон додани об зарурат надорад».

МЕДИА (IFRAME)

Ба қавли табибон, аксаран камаҳамиятии модарон дар марҳилаи то таваллуд ва ё баъд аз он боиси носолимии кӯдакон мешавад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 34 дарсади модарон шири худро то шашмоҳагӣ ба фарзандон медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки мутахассисон додани шири сунъиро ба кӯдакон аслан тавсия намедиҳанд.

Занони ҳомила бояд чӣ хӯранд?

Ҳомиладорӣ барои занон давраи ҳассос аст, зеро дар организми онҳо як қатор дигаргуниҳо ба вуҷуд меояд. Баъзан дилбеҳузурӣ ва камиштиҳоии бонувон нишонаҳои давраи аввали пайдоиши ҷанин дар батни онҳост, ки дар натиҷа имкони истеъмоли ғизои лозимиро надоранд. Аз ин рӯ, табибон баъд аз муоина барои таъмини занони ҳомила бо микроэлементҳои ғизоӣ, ба онҳо истеъмоли ҳабҳоеро тавсия медиҳанд, ки дар таркибашон оҳан, туршии фолат ва дигар витамину минералҳои зарурӣ доранд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар давраи ҳомиладорӣ истеъмоли маҳсулоти серғизои гӯштию ширӣ, меваю сабзавот, инчунин афшураҳо фоидаовар аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Пайомадҳои ғизои нокифоя

Бино ба натоиҷи Пажӯҳиши миллии ғизо дар Тоҷикистон, ки соли 2016 гузаронида шудааст, занону кӯдакони зиёд аз норасоии микроэлементҳои ҳаётан муҳим азият мекашанд. Ин боиси камхунӣ, камвазнӣ, қадпастӣ ва гирифторӣ ба бемориҳои гуногун мешавад.

МЕДИА (IFRAME)

Тибқи пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) «Беҳсозии натиҷаҳои иқтисодӣ тавассути густариши барномаҳои ғизоӣ дар Тоҷикистон», ки соли 2012 интишор шудааст, камғизоӣ яке аз мушкилоти нигаронкунандаи низоми тандурустии кишвар боқӣ монда, сабаби фавти модарону кӯдакон аз бемориҳои пешгиришаванда ва ақибмонии духтарону писарон аз ташаккули ҷисмонию ақлонӣ мегардад.

Ғизои номукаммал сабабгори 35 дарсади фавти кӯдакони то панҷсолаи тоҷикистонӣ шуда, ҳамасола беш аз 7500 тифли ҳамин синну солро аз байн мебарад.

МЕДИА (IFRAME)

Дар Тоҷикистон шуморе аз занону кӯдакон аз сабаби норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, аз қабили оҳан, йод ва туршии фолат ба бемориҳои камхунӣ, ҷоғар ва чурраи ҳароммағз (Спина бифида) гирифтор шудаанд. Айни ҳол дар кишвар беш аз 26000 кӯдаки дорои маъюбият ба қайд гирифта шудааст, ки наздик ба 5000 нафари онҳо дорои нуқсонҳои модарзодӣ мебошанд.

МЕДИА (IFRAME)

Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ дар организми занони ҳомила сабаби маъюбияти шуморе аз кӯдакон шудааст. Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, ҳамасола дар кишвар қариб 250 навзоди мубталои чурраи ҳароммағз (Спина бифида) таваллуд мешавад, ки сабаби ин нуқсони модарзодӣ норасоии туршии фолат (витамини В9) дар ҷисми занон мебошад.

Аҳамияти ғанигардонии ғизо

Аз рӯйи натоиҷи «Таҳлили хароҷоту манфиати ғанигардонии маҳсулоти озуқа дар Тоҷикистон», ки соли 2016 гузаронида шудааст, вазъи ногувори ғизоӣ барои кишвар пайомадҳои манфии дарозмуддати иқтисодиву иҷтимоӣ дошта метавонад. Зимнан муайян шудааст, ки ғанигардонии ғизо бо хароҷоти нисбатан кам имкони ба даст овардани даромади зиёдро фароҳам меорад.

МЕДИА (IFRAME)

Аз ин бармеояд, ки вақте аҳолии кишвар, хусусан, модарону кӯдакон миқдори зарурии витамину минералҳоро аз навъҳои мавҷудаи хӯрокворӣ дастрас ва истеъмол карда наметавонанд, ғанигардонии ғизо бо микроэлементҳои барои саломатӣ муфид роҳи ҳалли ин мушкилот аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бознашр аз Tajikistantimes