Дар мавриди пеш аз ҳама чӣ интизориҳо доштани тоҷикистониён аз дурнамои рушди муносибатҳо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон мо дар кӯчаҳои пойтахт назарсанҷӣ гузаронидем.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев беҳбуди муносибатҳо бо ҳамсояикшварҳоро аз ҷумлаи афзалиятҳои сиёсати хориҷии минбаъдаи Ӯзбекистон номид.
Ҳафтаи сиппаришуда зимни сафари сарвазири Ӯзбекистон ба Душанбе дар баробари масъалаи омодагии сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, дурнамои рушди муносибатҳои ду кишвар низ баррасӣ шуда, ояндаи наздик байни ду давлатяк қатор санадҳои нав, аз ҷумла созишнома «Дар бораи равуои шаҳрвандон» ба имзо мерасад.
Мо ба сокинони пойтахт бо чунин савол муроҷиат кардем: аз беҳтар шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон Шумо пеш аз ҳама чиро интизоред?