Видеобарномаи инҳафтаинаи “Ахбор Plus” фарогири мавзӯъҳои зерин аст:
– Аввалин гурӯҳи шаҳрвандон иборат аз 88 нафар аз карантин ҷавоб шуданд. Онҳо оид ба шароити муассисаи тиббӣ чӣ гуфтанд?
– Дар Тоҷикистон қочоқи маводи мухаддир 30% коҳиш ёфтааст. Сабабҳои ин раванд кадоманд? Шарҳи сарвари Агентии назорати маводи нашъаовар Шерхон Салимзода.
– Кумитаи забон ба 373 волидайн барои ном гузоштан ба фарзандонашон посухи рад додааст. Ин номҳо, ба гуфтаи забоншиносони кумита, ба меъёрҳои номгузории тоҷикӣ ҷавобгӯ нестанд. Кадом номҳоро волидайн барои кӯдаконашон мехостанд?
– 14-уми феврал – Рӯзи байнулмилалии тақдими китоб. Идораи “Азия-Плюс” ба бошандагони муассисаи ислоҳии кӯдаконаи пойтахт китоб тақдим кард.
Ин ва дигар мавзӯъҳо дар барномаи ҷамъбасти ҳафта бо хабарнигорони “Азия-Плюс”.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.