Имрӯз қариб 600 нафар ҷавонони синну соли даъватӣ аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон гусел карда шуданд.
Дар маросими гусели наваскарон, ки дар майдони Парчам ва Нишони давлатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, волидайни даъватшавандагон ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд.
Ба гуфтаи Раҷаббой Аҳмадзода, сол аз сол шумораи ҷавононе, ки ихтиёрӣ ба хизмати Модар-Ватан мераванд, дар вилоят меафзояд. Вай афзуд, ки ҳамасола ташкил кардани боздиди волидайни аскарон аз шароити қисмҳои ҳарбӣ яке аз омилҳои ҷалби ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар мебошад. Ӯ ба волидайни наваскарон гуфт: “Имсол ҳам ин анъанаро идома медиҳем ва шуморо низ ба қисмҳои низомӣ мефиристем. Фарзандонатонро мебинед ва бо шароити будубоши онҳо шинос мешавед”.
Бино ба иттилои масъулин, дар ҷалби даъвати баҳоронаи ҷавонон шаҳру навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Спитамен ва Деваштич пешсаф буда, то 40 дарсад нақшаро иҷро кардаанд.
Пас аз барномаи фарҳангӣ, наваскарон тавассути ҳавопаймо ба ҷануби кишвар фиристода шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.