Дар шашмоҳаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 129 ҳазору 807 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57% кам аст. Теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ дар хориҷи кишвар зиёда аз 500 ҳазор нафар аст.
Дар ин бора Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ имрӯз, 23-юми июл зимни нишастӣ матбуотӣ хабар дод.
“Музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1368,9 сомониро ташкил дода, нисбат ба моҳи январи соли ҷорӣ 33,4 сомонӣ ва ё 2,5% зиёд шудааст”, – гуфт вазир.
Ба қавли ӯ, шумораи кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликияти кишвар 1 миллиону 199 ҳазор нафар ё 50%-и шумораи умумии аҳолии машғули корро ташкил додааст. Ҳамзамон ба 29 ҳазору 656 нафар расман мақоми бекорӣ дода шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.