Айни замон ҷомеаи ҷаҳониро паҳншавии дубораи коронавирус дар кишварҳои гуногун ба изтироб овардааст.
Чӣ бояд кард, то мавҷи дуюми бемории COVID-19 дар Тоҷикистон сар назанад?
Дар барномаи “Робита”-и ТВ “Ҷаҳоннамо” дуктур Ораши Алоӣ, роҳбари Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии саломатӣ ва омӯзиш дар шаҳри Ню-Йорк зимни мусоҳибаи онлайнӣ ба мақомоти давлатӣ ва мардуми Тоҷикистон оид ба роҳу воситаҳои пешгирии мавҷи дуюми ин беморӣ тавсияҳои муҳим додааст.