Ҳамасола 22 сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад. Дар Рӯзи Рӯдакӣ мо дар хиёбони ҳамноми шоир дар Душанбе аз роҳгузарон, меросбарони ашъори ӯ пурсидем, ки дар бораи Сардафтари адабиёти класикии тоҷику форс чӣ медодананд ва албатта наметавонистем ин дархостро накунем, ки чанд мисраъ аз ашъори ӯ қироат кунанд. Бо ҳам бубинем, ки набераҳои Рӯдакӣ чӣ шинохте аз бобои худ доранд.